баргард чоп кардан

Вохурии муовини вазири умури хориҷӣ бо Чан Ҷулламон

Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Чан Ҷулламон, сафири Таиланд дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.

Тавре дафтари матбуотии ВУХ-и кишвар хабар медиҳад, вохурии Зоҳидӣ бо Ҷулламон рӯзи 12 феврал дар Душанбе баргузор шудааст. Ҷонибҳо дар ин дидор доираи васеи муносибатҳои Тоҷикистону Таиланд, аз ҷумла рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, алоқаи ҳавоӣ, сайёҳӣ, маориф ва фарҳангро баррасӣ кардаанд.

Инчунин дар робита ба самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Таиланд дар чорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва рафти омодагиҳо ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба арзёбии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” табодули назар сурат гирифтааст.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд 5 августи соли 1992 барқарор шуда, сафири кишвар дар Душанбе муқими Остона ҷаноби Чан Ҷулламон мебошад. Табодули коло миёни Тоҷикистону Таиланд беш аз 1088,1 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.