ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Барканории раиси Кумитаи дин, ТАЛКО ва...
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 13 феврал бо судури чанд фармон як қатор мансабдорҳои соҳаи дини кишварро барканор намуда, ба ҷояшон шахсони навро таъин намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо қарори Эмомалӣ Раҳмон, Абдураҳим Холиқзода, аз вазифаи раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, ба ҷояш Давлатов Сулаймон Пирхонович раиси Кумитаи дин таъин гардид. Давлатов Сулаймон Пирхонович то расидан ба ин симмат ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит буд.
Инчунин, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон, Садриддин Шарипов аз вазифаи Директори идоракунандаи Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" озод ва ба ҷояш Ҷӯраев Абдураҳмон Ҳомидович таъин гардид.
Асомуддинзода Тоҷиддин Исломиддин низ аз вазифаи муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит таъин гардидааст.
Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон Давлатов Муродулло Исматович аз вазифаи директори Муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" озод ва курсии ӯ ба ихтиёри Бобоев Файзулло Баротович гузошта шудааст.
Садриддин Шарипов, Муродулло Давлатов ва Абдураҳим Холиқзода, ки бо қарорҳои раисиҷумҳур аз мақомашон барканор шуданд, аз ҷониби Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии якуми март ба ҳайси номзад пешниҳод шудаанд.