баргард чоп кардан

ВКД: Беш аз 10 кило маводи мухаддир дар ноҳияи Восеъ мусодира шуд

Аснои баргузории як амалиёти вижаи ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Восеъ миқдори калони маводи мухаддир забту мусодира шуд.


Тибқи иттилои ВКД, аз сӯи кормандони милисаи ин минтақа шаҳрванд Ҷовид Холназарови 21 сола, сокини рустои Сайроби ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт гардид. Зимни тафтиши шахсӣ аз борхалтаи ӯ ҳудуди 10 килову 102 грамм ҳашиш мусодира шуд.

Ба ҳамин монанд, Ӯктам Полвонови 42-сола низ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дастгир гардид. Аз боздоштшуда 102 грамм ҳероин забту мусодира гардидааст. Айни замон нисбати ҳар ду қочокчӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}