Баҳси амнияти минтақа дар суҳбати Давлатзода ва сафири Латвия
Парвиз Давлатзода, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Игорс Апокинс, сафири Латвия дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии ВУХ-и кишвар, вохурии муовини вазири умури хориҷӣ бо дипломати Латвия рӯзи 19 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.
Дафтари матбуоти ВУХ ҳадаф аз ин вохуриро раёсати Латвия дар Иттиҳоди Аврупо хонда, гуфтааст, ҷонибҳо дар ин мулоқот доираи васеи масъалаҳо, алалхусус равандҳои муҳими робитаҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои иқтисодӣ, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, масъалаҳои обу энергетика ва дигар мавзӯъҳоро баррасӣ кардаанд.
Инчунин қайд шудааст, ки раисии Латвия дар Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, ки минтақаи Осиёи Марказиро яке аз авлавиятҳои сиёсатии хориҷии ИА муайян намудааст, барои расидани ҳадафҳои худ дар ин ҷода ҳамчун ҷузъи муҳим ба ҳисоб меравад