Медали нуқраи Равшан Каримов аз озмуни байналмилалии риёзӣ
Равшан Каримов, донишҷӯи соли сеюми факултаи математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии риёзӣ сазовори ҷойи дувум гардид. Ин озмун, ки ҳамасола аз рӯйи улуми техникӣ ва башарӣ баргузор мешавад, аз 19 то 20 феврал дар шаҳри Могилйови Белорус доир гардид.
Равшан Каримов зими як мусоҳиба гуфтааст, ин шонздаҳумин озмуни байналмиллалиест, ки иштирок мекунад ва дар 14-тои он медал гирифтааст. “Ман як орзу дорам. Замоне мо маркази тамаддун будем, мо ворисони бузургоне чун Сино, Саъдӣ, Хайём, Хоразмӣ ва бузургони дигар будем. Орзуи ман ин аст, ки ҳамон давронро баргардонем ва дигарбора ба ҷаҳон собит созем, ки Тоҷикистон маркази илм аст, Ватани бузургон аст”,- изҳор доштааст Равшан.