Аз таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 22 сол сипарӣ шуд. Дар остонаи Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ “Озодагон” аз коршиносону соҳибназарон пурсид: АЗ ИҚТИДОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ МЕТАВОНЕМ ДИЛПУР БОШЕМ?
Султони ҲАМАД, коршиноси масоили амниятӣ
Фикр мекунам, мо бояд ба худ он шубҳаро, ки артиши Тоҷикистон дар лаҳзаи зарурӣ аз уҳдаи ҳифзи якпорчагии сарзаминамон ва амнияти мардум баромада наметавонад, роҳ надиҳем. Имрӯз ҳамаи андозсупорандаҳо умеди онро доранд, ки дар сулҳу субот, амну амонӣ зиндагӣ кунанд ва ин шароитро ба онҳо артиши кишвар ва дигар мақомоти қудратӣ пайваста муҳайё кунанд. Зеро вазифаву масъулияти онҳо маҳз аз ҳамин иборат аст. Мавҷудияти афсарони соҳибтаҷрибаи размдида дар сафҳои ин артиш умедвориро ба ин гуфтаҳо бештар мекунад.
Албатта дар артиши кишвар чун дигар ниҳодҳои давлатӣ дар ҷараёни кор камбудиву норасоиҳо низ рух медиҳанд. Вале дар қиёс бо дигар ниҳодҳо дар артиш ин камбудиҳо бояд ҳарчи камтар бошанд. Мушкили иҷрои нақшаи даъват ба сафи артиш бояд ҳарчи тезтар дар ҳамкориву ҳамбастагӣ бо падару модарон, ҳукуматҳои маҳаллӣ, муассисаҳои таълимӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва комиссиариатҳои ҳарбӣ дар маҳалҳо роҳи ҳаллу фасли худро пайдо кунад.
Фаридун МАҲМАДАЛИЕВ, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон
Вақте қувваҳои мусаллаҳ ё худ артиши миллӣ мегӯем, пеши назар як нерӯе ҷилвагар мешавад, ки воқеан амнияти Тоҷикистон, ҳаёти осоиштаи мардумони онро таъмин намудааст. Ба боварии комил гуфта метавонам, ки имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қодир аст, ҳифзи якпорчагии давлати соҳибистиқлол, амнияти марзу бум ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишварро таъмин созад. Пушида нест, ки солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ва зимни бунёди артиши миллӣ дар Тоҷикистон вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ҷараён дошт ва қисмҳои низомӣ дар баробари таъсис ёфтан, аллакай ба сангарҳои оташгир барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ фиристода мешуданд. Агар гӯем таҷрибаи ҷангии Артиши миллии Тоҷикистон давоми ин солҳо дар баробари бунёди шароитҳои хизматию маишӣ, ҳамзамон сатҳи омодагии ҷангияшон рушду нумӯъ ёфт, хато намекунем. Ин ҳолатро коршиносони байналмилалӣ низ тасдиқ намудаанд, чун ки зимни машқҳои муштараке, ки дар дохилу хориҷ аз кишвар баргузор мегарданд, борҳо маҳорати касбӣ ва омодагии ҷангии қувваҳои мусаллаҳ ва умуман афсарону сарбозони кишвар сазовори баҳои баланд гаштаанд. Омода кардани ҷанговар дар шароити куҳистон, кори осон нест. Таҷрибаи ҷангҳо дар давлатҳои гуногун, хусусан дар кишвари ҳамсоя Афғонистон, ки шароити куҳсор аст, нерӯҳои посдори сулҳ ба мушкилиҳои зиёд дучор мешаванд.
Ҳикматулло САЙФУЛЛОЗОДА, масъули Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
Банда ба ин боварам ва муътақид низ ҳастам, ки тамоми кору коргузориҳо дар низоми давлатдории мо, мутаассифона дар зоҳиру ботин комилан фарқ доранд ё фарсахҳо аз ҳам дуранд. Ҳангомаҳо дар мавриди тавонмандӣ ва қудрати назаррас доштани артиши кишвар ҳам ҷузъе аз ҳарфҳои болост. Мисоли инро дар пиёда кардани амалиётҳо дар манотиқи мухталифи кишвар зери ҳар номе шоҳид будем. Агар афроде аз гуруҳҳои собиқ мухолифин шарики ин амалиёт қарор намегирифтанд, "пирӯз" шудани артиши расмӣ дар ин мавридҳо дар гумон буд. Эҳтимол гуруҳҳои низомии хос кадом имконияту тавонимандиеро дар мавридҳои алоҳида дошта бошанд ва ин як амри зарурист, вале дар ҳолатҳои изтирорӣ фикр намекунам, ки ҳатто аз дасти онҳо ҳам коре ояд. Бисёр мехостам, артиш заминаи иҷтимоӣ ва маҳбубияти миллӣ касб кунад, чун ниёзи як давлати миллӣ дар ҳамин аст.
Асомиддин РАМАЗОН, сокини шаҳри Душанбе
Дар воқеъ вазъи имрӯза ҷаҳон тамоми кишварҳоро водор намудааст, ки дар ҳифзу суботи сарзаминашон нигоҳи бештаре дошта бошанд. Аз воқеаҳои чанд соли ахир дар кишварҳои гуногун хулоса баровардан мумкин аст, ки сулҳу оромӣ барои мардум аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Дар мавриди он ки оё ба иқтидори артиши Тоҷикстон дилпур бошем ё на, ҳаминро гуфтаниям, ки новобаста аз ҷавон будани артиши тоҷик ва аз лиҳози техникӣ таъмин будани он то як андоза умедвор ҳастам. Лекин имрӯз артиши тоҷик бояд бо навтарин таҷҳизоти техникию иттилоотӣ таъмин шавад, то тавонанд барои таъмини суботи кишвару миллат омода бошанд. Аз ин рӯ ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст ба масъалаи қувваю иқтидори артиш чораҳои судмандеро андешад.
Сафват БУРҲОНОВ, таҳлилгар
Мавқеи шахсии ман ҳамин аст, ки барои давлатҳои камнерӯ мисли Тоҷикистони мо, ба доштани артиш ҳеч ниёз нест. Якум ин ки ҳамаи ҷангҳо исбот карданд, ки дар ҳолати ҷанги ду кишвар, ки аз як сӯ артиши камнерӯ бошад, аскарон ҷанг намекунанд. Шаҳрвандон иттиҳод карда, артиши стихиявии фаврӣ месозанд. Ҳатто дар Укроин, ки собиқ артиши ядроӣ дошт, имрӯз баталёнҳои ихтиёриён меҷанганд. Аз артиш ҳеч фоидае нест. Барои ҳамин Тоҷикистонро доштани чунин сарбории нодаркор, ғайри зиён чизе намеорад. Ба ҷои артиш бояд нерӯҳои амният ва милисаро пурзӯр кард. Марзро амният, дохилро милиса нигаҳбонӣ кунанд, бас аст. Медонам, ки ин гуфтаи ман ба касе намефорад, чунки ҳар сол садҳо миллион доллар ба баҳонаи артиш мегиранд. Парки техникии артиши мо барои ҷанги бозӣ ҳам ба кор намеравад. Снарядҳои “списатшуда”-и Русияро мехаранд, ки гумон аст, оташ гирад. Ин мавзӯи калон аст. Вале хулоса ҳамин, ки агар як соат пештар аз артиш даст кашем, як соат пештар нерӯи низомии кишвар афзун мешавад. Артиш сабаби оҷизии мост.
Аъзамшоҳ ШРГОВАДӢ, коршиноси масоили сиёсӣ
Дар шароити имрӯза ва вазъи сиёсие, ки дар дунё ва минтақаи ҷуғрофиёие, ки Тоҷикистон қарор дорад, сатҳи артиши мо қонеъкунанда нест. Артиши Тоҷикистон хело ҷавон асту дар минтақа аз нигоҳи фаннӣ яке аз заифтаринҳост. Он чӣ ба мо рушан аст ҳам аз ҷиҳати теъдод ва ҳам аз дидгоҳи доштани силоҳҳои пешрафта нисбати ҳамсояҳомон заъифтар мебошад. Ҳамсякишварҳои мо аз Шӯравии собиқ ҳар чи набошад, каму беш силоҳу муҳимот ва техникаи ҷангӣ ба даст оварданд ва бо “баракат”-и роҳбарони ҳамон даври тоҷик донаи тире ба мерос набурдем. Дигар ин ки аксари кишварҳои олам (ба ҷуз 7-8 кишвар) имрӯз неруҳои ҳирфавӣ ё шартномавӣ доранд, ки барои он маблағи бештар зарур аст ва табиист, ки тавони бештаре дорад.
Дар замони истиқлол артиши тоҷик каме қавӣ гашта, аммо то ҳанӯз аз ҳамон силоҳҳои бозмондаи замони шуравӣ муҷаҳҳаз аст, ки хело фарсуда шудаанд ва то ҳанӯз ҳавопаймоҳои ҷангӣ низ надорад. Ва маоши ками афсару аскар ва набуди имтиёзи чашмрасе низ таъсири манфии худро ба артиш мегузорад. Далели он “гурехтан”-и ҷавонон аз хидмат ва “облава”-ҳо мебошад. Вале артиши Тоҷикистон таҷрибаи ҷангро пушти сар гузоштааст ва аз ин нигоҳ фикр мекунам нисбати артиши кишварҳои ҳамсоя пешгом аст. Аммо ҷойи нигаронӣ нест ва миллати тоҷик ҳамеша аз ин хок дар муқобили таҷовузи аҷнабиён дифоъ карда ва хоҳад кард.
Иқбол ТЕШАЕВ, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара
Бале, бо хулосабарорӣ аз раванди задухӯрди мусаллаҳонаи санаи 11 январи соли 2014 дар минтақаи наздисарҳадии Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркуҳ рухдода метавон дар қиёс бо артиши ҳамсоякишварҳо иқтидор ва ҳам таҷрибаву малакаи Артиши миллии моро қонеъкунанда арзёбӣ кард. Аммо, ҷиҳати бо техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ мусаллаҳнамоии он давлату ҳукумат бояд зиёдтар маблағгузорӣ ва тадбирандешӣ намояд.