баргард чоп кардан

Ҳалокати Нуралиевҳо ва Солеҳхоҷаев дар зери тарма

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд се сокини шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расидаанд.

Ориф Нозимов, сухангӯи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, 22 феврал, дар километри 156-уми шоҳроҳи мазкур, тарма мошини боркаши “Дулан”-ро ба чуқурии 800 метр сарозер намудааст: “Дар натиҷа се сокини Хуҷанд - ронанда Солеҳхуҷаеви 57-сола ва бародарон Нуралиевҳо - Иноми 40-сола ва Илҳоми 38-сола ба ҳалокат расидаанд”.

Ба гуфтаи ҷаноби Нозимов, феълан кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар ҷои ҳодиса қарор доранд. Ӯ афзуд, то ҳол ҷасадҳо пайдо нашудаанд. Инчунин ба иттилои Нозимов бар асари барфрезӣ дар бархе навоҳии кишвар роҳҳо банд шудаанд, аммо талафоти ҷонии дигар ба қайд гирифта нашудааст.