Пулис: Хонандаи синфи 11 духтари 23-соларо корд задааст
Мақомоти пулиси Душанбе як сокини 17-соларо аз ноҳияи Рӯдакӣ дар он муттаҳам мекунанд, ки як донишҷӯдухтари 23-соларо дар назди мактаби 76-и пойтахт корд задааст.
Ба иттили манбаъ 22-юми феврал ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи Холова Руқия, сокини 23 солаи шаҳри Душанбе ворид гардидааст: “Холова арз доштааст, ки 22-юми феврал, тахминан соати 09:30-дақиқа шахси номаълум дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №76, воқеъ дар кӯчаи Деҳотии пойтахт бо сабабҳои номаълум бо корд ба шикамаш як маротиба мезанад. Дар натиҷа ӯ дар беморхона бистарӣ мешавад”.
Мақомот мегӯянд, дар натиҷаи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муттаҳам дар ин ҷиноят - ноболиғ Қ.З., соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Рӯдакӣ дастгир карда шуда, феълан тафтиши қазия идома дорад.