АКС: Марказҳои савдои оташгирифтаи Хуҷанд фаъол гардиданд
Марказҳои савдои “Тоҷир”, “Баҳор”, “Сино” ва “Барфак”-и канори рости бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд, ки дар пайи сӯхтори шаби 15 ба 16-уми ноябри соли 2014 ба коми оташ рафта буданд, дубора ба истифода дода шудаанд.
Марказҳои савдо бо дастгирии маъмурияти шаҳру вилоят бо тарҳи наву ва бо риояи ҳамаи қоидаҳои зиддисӯхтор бунёд гардидааст. Дар ин марказҳо 84 нуқтаи савдо амал мекунад, ки дар беш аз 100 соҳибкор ба тиҷорат машғул хоҳанд шуд.
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд дар расмии дубора фаъол шудани ин марказҳои савдо иштирок намуда, таъкид кардааст, соҳибкороне, ки аз сӯхтор зарар дидаанд, давоми як сол аз пардохти иҷорапулӣ озод ҳастанд.
Сӯхтори шаби 15 ба 16-уми ноябри соли 2014 дар марказҳои савдои канори рости бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд беш аз 70 дуконро бо молу маҳсулоташ ба “ком”-и худ кашид. Мақомот масоҳати умумии сӯхторро 800 метри мураббаъ ва зарари расидаро наздики як миллион сомонӣ гуфтанд. Баъди сӯхтор раиси вилояти Суғд бо соҳибкороне, ки маҳсулоташон хокистар шуд, мулоқот намуда, изҳор дошт, соҳибкороне, ки дар рӯйхати Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ҳамчун зарардида ба қайд гирифта шудаанд, аз супоридани фоизи қарзи бонкҳо озод шуда, муҳлати пардохти қарзҳои асосӣ то як сол тамдид мешавад.