АКС: Барфрезии шадид дар Душанбе
Шаби 23 ба 24-уми феврал шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро барфрезии шадид фаро гирифт, ки феълан низ идома дорад. Бо вуҷуди ин техникаи барфтозакунии шаҳрдорӣ то соати 9:00 дар шаҳри Душанбе ба назар нарасид ва танҳо баъди соати 9:00 дар маркази Душанбе мошинҳо ба барфтозакунӣ оғоз намуданд. Хабарнигори “Озодагон” аз кӯчаҳои Душанбе гузориши аксӣ таҳия намуд, ки пешниҳоди хонандагон мекунем: