баргард чоп кардан

Эмомраббонӣ Рашидови тоҷик- барандаи Ҷоизаи вижаи муфтиёти Русия

Дар толори меҳмонхонаи мавсум «Космос»-и шаҳри Москва  12-умин озмуни байналмилалии ҳофизони Қуръони маҷид сурат пазируфт.


Тавре ба «Озодагон» аз  хадамоти матбуотии сафорати  Тоҷикистон дар Русия иттилоъ доданд, дар ин озмун намояндагони 35 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла барои нахустин бор ҳофизон аз Афғонистон, Белгия, Босния ва Ҳерзагубин, Британияи Кабир, Фаронса, Юнон, Гана, Сомалӣ, Сурия, Украина, Покистон ва ғайра  иштирок намуданд. Тоҷикистонро дар ин озмун Фаррух Нуров, хонандаи синфи даҳуми мактаби миёнаи №71-и шаҳри  Душанбе муаррифӣ кард. Ҳайъати ҳакамон, ки аз намояндагони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия, ИМА ва Русия иборат буданд, ба мақоми аввал намояндаи Фаластин, дуюм – Мағриб ва сеюм – Шоҳигарии Арабистони Саудиро сазовор донистанд.

Манбаъ афзуд, Фаррух  Нурови тоҷикистонӣ дар шумори иштирокдорони дигар соҳиби дипломи хотиравӣ шуд. Қабл аз ин озмун, барои дарёфти ҷои якум ва намояндагӣ аз номи Русия дар конкурси байналмилалии Қуръони карим дар шаҳри  Москва даври ниҳоии озмуни ҳофизони Қуръон миёни шаҳрвандони Русия доир гардид. Баромади чанд тан аз ҳофизони ҷавони тоҷики муқими Русия дар он озмун, бо вуҷуди ба мақоми аввал даст наёфтанашон хотирмон буд. Бахусус, баромади берун аз озмуни Эмомраббонӣ Рашидови дувоздаҳсола, ки ба нияти ширкат дар даври ниҳоии озмуни ҳофизони Русия ҳамроҳи падараш аз шаҳри  Санкт-Петербург ба Москва омада, аммо  аз сабаби хурдсол буданаш  дар сафи довталабони асосӣ набуд, лекин дар баромади худ  ҳакамон ва ҳозиринро ба ваҷд овард. Маврид ба тазаккур аст, ки барои маҳорати номбурда дар ин озмун ба ӯ Ҷоизаи вежаи шайх Равил Ғайнуддин – раиси Шӯрои муфтиёти Русия ва президенти 12-умин озмуни байналмилалии ҳофизони Қуръон дар Москва супорида шуд. Ёдовар  мешавем, ду сол пеш дар 10-умин озмуни байналмилалии ҳофизони Қуръон дар Москва намояндаи Тоҷикистон Сиратулло Рауфов барандаи Ҷоизаи асосӣ шуда буд.{jathumbnail off}