баргард чоп кардан

Сарбанд ба марра наздик шуд, ҳамагӣ 1 фоизи дигар мондааст

Кишоварзони вилояти Хатлон дар ҷамъоварии ҳосили пахта пешсафанд.


Бино ба иттилои вазорати кишоварзӣ соли равон дар ҷумҳурӣ майдони 201.112 гектар пахта кишт шудааст. Дурнамои истеҳсоли пахта бошад, 390 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. То 26-уми сентябр дар як рӯз 11562 (3.0%) тонна ва аз аввали мавсим 249924 (64,1) тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.

 

Ба иттилои манбаъ кишоварзони вилояти Хатлон аз ҳавои муносиби тирамоҳӣ самаранок истифода намуда, ҷамъоварии пахтаро хуб ба роҳ мондаанд, ки  дар як рӯз  6692 (2,6%) тонна ва аз аввали мавсим 179717 (69%) тонна «тилллои сафед» ҷамъоварӣ кардаанд. Айни замон хоҷагиҳои пахтакори ноҳияҳои Сарбанд (99%), Кӯлоб (89%), Бохтар (81%), Вахш (79,8%) ва Хуросон (77,4%) дар вилоят ва ҷумҳурӣ пешсаф  мебошанд.{jathumbnail off}