баргард чоп кардан

Стратегияи миллии рушди омор баррасӣ мешавад

Аз агентии омори назди  президенти Тоҷикистон ба «Озодагон» гуфтанд, ки 14 октябр дар кохи «Ваҳдат» лоиҳаи барномаи стратегияи миллии рушди омор барои солҳои 2012-2016 ба баррасӣ гирифта мешавад.


Лоиҳаи мазкур аз ҷониби агентии омор бо ширкати Тони Уиллямс, коршиноси байналмилалии Бонки умумиҷаҳонӣ тартиб дода шудааст. Гуфта мешавад, дар расми муҳокимаи ин тарҳ вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, воситаҳои ахбори омма, инчунин роҳбарияти агентӣ ва гурӯҳи корӣ оид ба коркарди барномаи бисёрсола ширкат мекунанд.{jathumbnail off}