баргард чоп кардан

Кумитаи андоз: Корхонаҳои давлатӣ дар Хатлон аз буҷаи давлатӣ қарздоранд

Натиҷаи фаъолияти гурӯҳи кории кумитаи андоз дар баъзе аз ноҳияҳои вилояти Хатлон  нишон дод, ки аз бемасъулиятӣ ва хунукназарии бархе аз роҳбарон бақияи қарзҳои корхонаҳояшон рӯ ба афзоиш аст.


Тибқи маълумотҳои раёсати андоз, бақияи қарзи андозҳои вилоят ба санаи 1-уми сентябри  соли равон  157,6 миллион сомониро дар бар мегирад, ки ин нишондиҳанда дар аввали соли ҷорӣ ба 124,8 миллион сомонӣ баробар буд, яъне тамоюли зиёдшавӣ дар ин давра 32,7 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 25 шаҳру ноҳияи вилоят дар 12 нозироти андоз бақияпулиҳо зиёд шуда, дар 13 нозироти андози ноҳия бошад маблағи бақияпулиҳо кам карда шудааст.

Аз гурӯҳи кории кумитаи андоз ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки  рафти корҳои таҳлиливу назоратиро нахуст аз ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон оғоз намуданд. Натиҷаи таҳлилҳо собит намуданд, ки вазъи бақияи қарзи андозҳо дар ноҳия хеле ташвишовар аст. Аз маблағи умумии қарзи андозҳои ноҳия, ки 4 миллион 186 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, 80  фоизи он  ба корхонаҳои давлатӣ, аз қабили идораи давлатии хоҷагии об, ҶСК «Тоҷикхимпром» , корхонаи давлатии фаръии  обу ташноб ва гармидиҳӣ тааллуқ дошта, боқимонда ба дигар корхонаву ҷамъиятҳои хусусӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ алоқаманд аст.  Махсусан, дар идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Ёвон, ки самти асосии фаъолияташ таъмини ҳоҷагиҳои кишоварзӣ бо об мебошад, таҳлилҳо муайян намуданд, ки корхона дар назди буҷет 700 ҳазор сомонӣ қарздор асту роҳбараш Ҳалимхон Мирзоев барои кам кардани бақияи қарзи андоз   масъулият ҳис намекунад. Аз ҷониби нозироти андози ноҳия ба корхонаи мазкур  борҳо огоҳнома дода шудааст, вале то ҳол бенатиҷанд,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}