баргард чоп кардан

Боздошти як мусофири ҳавопаймо бо ним кило ҳероин

Як сокини ноҳияи Варзоб, ки нияти интиқоли 500 грамм ҳероинро дар меъдааш дошт аз сӯи кормандони агентии назорат аз болои маводи нашъадор боздошт шуд.


Тибқи иттилои ин ниҳод, шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон, ки пештар дар Русия барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ аз озодӣ маҳрум шуда буд, дар ҷараёни интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ба дасти мақомот афтид.

Дар оғоз кормандони агентӣ ӯро ба гумони интиқоли маводи мухаддир дар меъда аз вуруд ба ҳавопаймо манъ ва ба бинои агентӣ оварданд. Баъди фурсате бо роҳҳои табиӣ аз ӯ 60 адад ғилофаки пур аз ҳероин берун оварда шуд, ки мутобиқи хулосаи лабораторияи ташхиси судии агентӣ ҳудудан 500 грамм вазн дошт. Аз рӯи ин ҳодиса шӯъбаи тафтишотии агентӣ бо моддаи 200, моддаи 3 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш) ва 289 (қочоқ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз  намуд.{jathumbnail off}