КМИР: Натиҷаи интихобот соати 11:50 эълон мешавад
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, натиҷаи аввалияи интихоботи парлумонии рӯзи якуми мартро соати 11:50 эълон хоҳад кард.
Қаблан, гуфта мешуд, натиҷаҳои муқаддамотии интихобот бо баргузории як нишасти хабарӣ дар соати 10:00-и 2 март эълом мешавад. Аммо масъулини КМИРТ мегӯянд, бо далели навоқиси техникӣ он ба соати 11:50 гузошта шуд. Ҳамзамон қарор аст, дар нишасти соати 12:00 нозирони СҲШ ва ИДМ низ мушоҳидаҳои худро аз раванди баргузории интихобот баён созанд.