Шӯрои дифоъ аз ҳуқуқи башари СММ ба баррасии вазъи давраии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон оғоз мекунад.
Тибқи иттилои расида, ин тасмим барои аввалин бор аст, ки дар ин сатҳ сурат мепазирад ва он дар рӯзи 3-юми октябр дар Женева баргузор мегардад. Эътилофи созмонҳои ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар ин рӯз дар кинотеатри «Ҷавонӣ» пахши мустақими муколамаи ҳайати расмии Тоҷикистон дар иҷлоси 12-уми гурӯҳи кории Шӯрои ҳуқуқи башарро ташкил мекунад. Гуфтанист, дар ин ҷаласа ҳайати Тоҷикистонро Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи кишвар роҳбарӣ мекунад.{jathumbnail off}