Имрӯз (28-уми сентябр) дар бухории махсуси агентии назорати маводи нашъаовар беш аз 116 кило маводи мухаддир нобуд карда шуд.
Тавре ба “Озодагон” аз ин ниҳод иттилоъ доданд, аз ин миқдор нашъаи сӯзонидашуда 24 килову 875 грами онро ҳероин ташкил медод. Ҳашиши ба коми оташрафта 67 килову 292 грамм буд, афюн 24 кило ва маводи нашъадори гурӯҳи каннабис 131 грамм. Ҳамчунин 115 грамм аз ҷумлаи моддаҳои психотропии МДМА (экстазӣ) ва 100 адад ҳаббҳои кодеин низ ба оташ кашида шуд.
Манбаъ афзуд, маводи нашъадори сӯзондашуда далели шайъии чор парвандаи ҷиноӣ будааст, ки барои нобудсозии онҳо ҳукми додгоҳ содир гардидааст. Дар маросими нобудсозии маводи нашъадор намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва хабарнигорони ватаниву хориҷӣ ширкат намуданд. Бино ба гуфти масъулини агентӣ аз рӯзи таъсисёбии ин ниҳод то ба имрӯз бештар аз 13,5 тонна воситаҳои нашъадор сӯзонида нобуд карда шудааст.{jathumbnail off}