Бархе аз намояндагони мақомоти давлатии кишвар ба сайёҳон ҳамчун шикорчӣ бо сайд муносибат мекунанд.
Лочин Файзуллоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ин ҳарфҳоро зимни як нишасти матбуотии созмонёфта дар Душанбе иброз дошт. Ба гуфтаи ў,бархе аз масъулини мақомот аз куҷое як сайёҳ пайдо кунанд, ҳатман кўшиш менамоянд, то аз вай маблағ ситонанд. Ин ҳолат махсусан дар фаъолияти кормандони ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал ҷой дорад. Инчунин, ба гуфтаи Файзуллоев, барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон бояд хизматрасонӣ дар симои сарҳадбонон, гумрукчиён ва дигар ниҳодҳои дар фурудгоҳҳо фаъолияткунанда беҳтар шавад. Беҳтар гардондани сатҳи забондонии кормандони фурудгоҳҳоро низ Файзуллоев зарур мешуморад.
Муовини раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегўяд, дар мо шумораи сайёҳон он қадар зиёд нест, ки сари ҳар қадам аз онҳо пул канем. Тибқи иттилои Кумита соли гузашта ба Тоҷикистон 160 ҳазор ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 110 ҳазор сайёҳ ташриф овардаанд. Лочин Файзуллоев мегӯяд, таввассути соддагардонии воридот ва таъмини будубоши осоишта ният доранд, то соли 2020 –ум шумораи сайёҳонро дар Тоҷикистон ба 1 миллион нафар расонанд.{jathumbnail off}