Эълони натиҷаҳои ниҳоӣ: ҲНИТ-у ҲХДТ овози бештар гирифтаанд
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи парлумонии 1-уми мартро эълон намуд, ки тибқи он Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ соҳиби овози бештар шудааст.
Тавре аз КМИР ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Ҳизби ҳоким, ки тибқи натиҷаҳои муқаддамотӣ 65,2 дарсади овозҳоро гирифт, баъди муайян намудани натиҷаҳои ниҳоӣ соҳиби 65,4 дарсади овозҳо шудааст. Овозҳои Ҳизби аграрӣ баръакс камтар шуда, ба ҷои 11,8-и пешакӣ 11,7 дарсадро ташкил додаанд. Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ низ ки қаблан 7,6 дарсади овозҳоро гирифта буд, тибқи натиҷаҳои ниҳоӣ соҳиби 7,5 дарсади овозҳо шудааст. Нишондиҳандаи Ҳизби сотсиалистӣ тағйир наёфта, тибқи ҳам натиҷаҳои муқаддамотӣ ва ҳам ниҳоӣ соҳиби 5,5 дарсади овозҳо шудааст.
Дар ҳамин ҳол ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ тибқи ҳисобҳои ниҳоӣ бештар шуда, аз 1,5 дарсади қаблӣ то ба 1,6 дарсад расидаанд. Ҷонибдорони коммунистҳо аз 2,3 дарсади қаблӣ то ба 2,2 дарсад, Ҳизби демократӣ – 1,7 дарсад ва аз Ҳизби сотсиал-демократӣ ба 0,5 дарсад расидаанд.
Қаблан Шермуҳаммади Шоҳиён, раҳбари КМИРТ дар нишасти хабарии созмонёфтае рӯзи 2 март зимни эълони натоиҷи муқаддамотии интихобот гуфт, ки ба тарафдории Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон 2 миллиону 482 ҳазору 267 нафар ё 65,2 дарсади интихобкунандаҳо раъй додаанд. Ба иттилои аввалия, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба дарёфти 58 ҳазору 28 ё 1,5 дарсади раъйи мардум муваффақ шудааст. Тибқи иттилои раҳбари КМИР ба тарафдории Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 87 ҳазору 112 нафар ё 2,3 фисади интихобкунандаҳо овоз додаанд. Раъйи ба тарафдории Ҳизби аграрии Тоҷикистон додашударо оқои Шоҳиён 11,8 дарсад гуфт (450 ҳазору 275 интихобкунанда). Ба тарафдории Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 288 ҳазору 308 нафар ё 7,6%, ба ҷонибдорӣ аз Ҳизби демократ 64 ҳазору 547 кас ё 1,7%, Ҳизби сотсиал-демократ 18 ҳазору 875 ё 0,5% ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 210 ҳазору 328 нафар ё 5,5% раъй додаанд.
Ба ин тартиб, аз рӯйҳати ҳизбӣ ҲХДТ -- 16 мандат, ҲАТ -- 3, ҲИИТ -- 2 ва ҲСТ -- як мандатро соҳиб шуданд. Ҳизбҳои наҳзати исломӣ ва коммунистии Тоҷикистон, ки дар парлумони феълӣ ҳар кадом соҳиби 2 курсӣ буданд, аз рӯйхати ҳизбӣ ба парлумон роҳ наёфтанд.