баргард чоп кардан

Панҷумин симпозиуми байналмилалии фарҳангӣ дар Душанбе

Рӯзҳои 3 -7 октябри соли равон  дар шаҳри Душанбе бо  дастгирии Бунёди байнлалмилалии ҳамкориҳои гуманитарӣ (МФГС) симпозиуми панҷуми байналмилалии «Макотиби олии фарҳангу ҳунар дар фазои маърифати ҷаҳонӣ ва  омодасозии кадрҳо дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар анъанаҳои миллӣ ва тамоюли муосир» сурат мепазирад.


Тавре ба «Озодагон» аз вазорати фарҳанг хабар доданд, ҳамойиши мазкур аз соли 2007 ба ин сӯ ҳамасола баргузор мегардад. Манбаъ афзуд, як чунин анҷуманҳо аллакай дар шаҳрҳои Маскав (Федератсияи Русия, соли 2007), Ханой - Ҳошимӣ (ҷумҳурии сотсиалистии Ветнам, соли 2008), Ёнгвол (Кореяи Ҷанубӣ, соли 2009), Париж (Фаронса, соли 2010) баргузор гардида буданд.

-Дар ҷараёни ҷаҳонишавии тамаддунҳо, дарк ва баҳодиҳӣ ба равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, технологӣ  ва иттилоотӣ омили аслии баргузории симпозиумҳо унвон мешавад,-иттилоъ доданд дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон. Дар ҷараёни ҳамойиши имсола масъалаҳои тайёр кардан ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи фарҳанг, нигаҳдории анъанаҳои фарҳанги миллӣ дар шароити муосир, таҳким бахшидани ҳамкориҳо байни созмонҳои илмӣ - педагогӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ,  сиёсати ягона нисбати таҳия ва амалисозии барнома ва лоиҳаҳо вобаста ба нигаҳдории забонҳо ва фарҳангҳои миллӣ, мутобиқ гардонидани фазои байналмилалии  таълим ҳамчун асоси тарбияи шахсияти фарҳангӣ, масоили ҳифзи фазои ягонаи миллату тамаддунҳо, ёдгориҳои таърихӣ, анъанот ва дарёфти омилҳои ҳамоиш баррасӣ хоҳанд шуд.

Симпозиум дар панҷ бахш доир ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ, дурнамои тайёр намудани  мутахассисон ва такмили ихтисоси онҳо, анъанаҳои миллӣ ҳамчун сарчашмаи арзишманди омодасозии мутахассисони соҳаи фарҳанг; фаъолияти иттилоотии китобхонаҳо дар шароити муосир сурат мегирад,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}