баргард чоп кардан

Интерпол: Саъдӣ Қаззофӣ дар куштори одамон даст дорад

Пулиси байналмилал санади боздошти Саъдӣ Қаззофӣ, яке аз писарони роҳбари пешини Либия-Муаммар Қазофиро имзо кард.


Дар ин бора хабаргузории «Франс-Пресс» бо такя ба суханони як масъули баландпояи Интерпол иттилоъ медиҳад. Пулиси байналмилал эълом кардааст, ки Саъдӣ Қаззофӣ аз ҷинояткорони махсусан хавфнок маҳсуб мегардад ва ба рӯйхати махсуси дар кофтуковбудагон ворид гаштааст. Санади боздошти ӯ бо дархости ҳукумати ҷадиди Либия содир шуда, номбурда бо ҷурми даст доштан дар қаллобӣ, «ҳуҷуми мусаллаҳона», таҳдиди сокинони осоишта ва куштори одамон муттаҳам дониста мешавад.

Тибқи маълумоти ахиран, ки мақомоти амниятӣ интишор кардаанд, Саъдӣ Қаззофӣ ҳамроҳ бо чанд нафар аз наздикону пайвандонаш дар кишвари Нигерия панаҳ мебарад.Ҳукумати ҳамсоякишвар тазаккур додааст, ки барои ин афрод «паноҳгоҳи инсондӯстона» муҳайё шудааст.

Гуфтанист, то барканории режими Муаммар Қаззофӣ писараш Саъдӣ дар бахшҳои мухталифи варзишии ин кишвар фаъолият дошт, аз ҷумла то рӯзи фирор ӯ ба ҳайси роҳбари федератсияи футболи Либия масъул буд. Ҳукумати нави Либия изҳор медорад, ки Саъдӣ Қаззофӣ замони даргириҳои дохилӣ фармондеҳии ҷузъу томҳои махсуси низомиро ба зимма дошт.{jathumbnail off}