баргард чоп кардан

Ҳукми додгоҳ алайҳи журналист Муҳаммадюсуф Исмоилов эълом мегардад

Муҳокимаи парвандаи журналисти боздоштшуда Муҳаммадюсуф Исмоилов дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд идома дорад.


Тибқи иттилои хабарнигори махаллии «Озодагон» то ҳанӯз сухани Исмоилов шунида нашудааст ва интизор меравад, пас аз як лаҳзаи дигар ба журналисти зиндонӣ сухан диҳанд. Гуфтанист, дар  мурофиа Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон низ иштирок дорад.  Маврид ба ёдоварист, хабарнигори нашрияи "Нури зиндагӣ", ки беш аз 10 моҳ боз дар зиндон ба сар мебарад, дар тӯҳмату таҳқир ва ангезиши эҳсосоти маҳалгароёна айбдор мешавад.Ба гуфтаи вакили мудофеи айбдоршаванда Муҳаббат Ҷӯраева, дар ҷараёни мурофиа ва муҳокимаи додгоҳии парвандаи Исмоилов иттиҳомоти асосии  "тамаъҷӯӣ" ва "маҳалгароӣ" исбот нашудааст.

Ёдрас менамоем, додгоҳи ноҳияи Ашти вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноиро алайҳи рӯзноманигори минтақавии ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ» Муҳаммадюсуф Исмоилов дар аввали моҳи равон оғоз карда буд. Ҷумъаи Мирзо, сардабири ин ҳафтанома ҳамон вақт эълом дошт, ки сабаби боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Муҳаммадюсуф Исмоилов ба фаъолияти касбии ӯ рабт дорад, зеро хабарнигор матлабҳои интиқодиеро аз вилояти Суғд омода ва нашр мекард. Бояд гуфт, Муҳаммадюсуф Исмоилов  ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ аз сӯи додгоҳи ноҳияи Ашт муттаҳам шудааст. Номбурда ҳанӯз моҳи ноябри соли 2010 боздошт гардида, то ин замон дар боздоштгоҳи муваққатии вилояти Суғд ба сар мебурд.

Зимнан, кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, созмони "Хабарнигорони бидуни марз" ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), ИЖТ ва соири дигар ташкилоту ниҳодҳои журналистии Тоҷикистон  боздошти хабарнигорро таҳаммулнопазирии мақомоти маҳаллӣ ба маводи интишоркардаи ӯ рабт медиҳанд ва хостори озодии ӯ гаштаанд.{jathumbnail off}