баргард чоп кардан

Воридоти бензин ба Тоҷикистон ҳудуди 55% коҳиш ёфтааст

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон яке аз сабабҳои кам шудани воридоти сўзишворӣ ба Тоҷикистон, афзоиши қочоқи маводи сўхт аз Қирғизистонро ном мебаранд.


Тавре аз Хадамоти мазкур ба хабаргузории «Озодагон», иттилоъ доданд, ҳаҷми воридоти сўзишворӣ ба ҷумҳурӣ, аз ҷумла бензин, аз моҳи апрел инҷониб коҳиш ёфта истодааст: «Нисбат ба моҳи январ миқдори бензини дар моҳи апрел воридгардида, то 29,1 фоиз, дар моҳи май то 36,4 фоиз, ва дар моҳи август то 55,3 фоиз коҳиш ёфта, яке аз омилҳои асосии болоравии нарх дар бозори истеъмолии ҷумҳурӣ мебошад»,-меафзояд манбаъ.

Тибқи иттилои Хадамоти мазкур дар моҳи август ба Тоҷикистон ҳудуди 11 ҳазору 700 тонна бензин ворид шудааст. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи коршиносони ин Хадамот талаботи моҳонаи ҷумҳурӣ ба бензин зиёда аз 25 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ изҳор медоранд, ки дар баробари сабабҳои дигари коҳиши воридот, қочоқи сўзишворӣ аз Қирғизистон ба фаъолнокии соҳибкорони расман фаъолиятдошта таъсири манфии худро мерасонад. Ба гуфтаи онҳо, дар бозор фарқияти нарх миёни як тонна бензини расмӣ ва қочоқӣ ба ҳисоби миёна 60 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.{jathumbnail off}