Сӯхтори маргбори шабона дар Данғара
Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон аз як сӯхтори маргбори манзили истиқоматӣ дар ноҳияи Данғара хабар дод, ки шаби гузашта тақрибан соати 00:50 дақиқа сар задааст.
Тибқи иттилои манбаъ шаби 30-юми март дар манзили истиқоматии Саидов Маҳмад, сокини 77-солаи ноҳияи Данғара дар масоҳати 30-метри мураббаъ, сӯхтор ба амал омадааст: “Дар натиҷа ҳамсари соҳибхона Сабзаева Холбии 47- сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, худи соҳибхона Саидов тахминан 75% сӯхта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”.
Хадамоти оташнишонӣ зарари молии сӯхторро 3000-сомонӣ ҳисоб карда, сабаби сар задани онро нодуруст истифода бурдани таҷҳизоти барқӣ арзёбӣ намуд.