баргард чоп кардан

ВИДЕО: Кӯмакхоҳии Маснавшоҳ, падари се кӯдак: Наҷотам диҳед!

Наздикони Маснавшоҳ Муминшоев, як шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон, ки аз бемории гурда ранҷ мекашад, барои муолиҷаи ӯ аз раисиҷумҳур, Вазорати тандурустӣ ва тамоми мардуми кишвар кумак мехоҳанд.

Ҷаноби Муминшоев дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, тибқи ташхиси беморон ҳар ду гурдаи ӯ бояд фавран иваз карда шаванд. Ӯ мегӯяд, дар Русия бемор шуд: “Дар сехи ҳасиббарорӣ кор мекардам. Пойҳоям варам карданд, баъд дарунам ба дард даромад, дилбеҳузурӣ шуд, нури чашмонам ҳам кам шуд. 16 рӯз дар беморхона будам, духтурон гуфтанд гурдаҳоят бояд иваз шаванд ва бо ин табобатҳо муолиҷа намеёбӣ. Билет гирифта Душанбе омадем”.

Ба қавли Маснавшоҳ Муминшоев инак беш аз як сол мешавад, ки дар беморхонаҳо муолиҷа мегирад, аммо духтурон роҳи ягонаи шифо ёфтани ӯро иваз кардани гурдаҳояш гуфтаанд: “Имконият надорам, ҷое кор намекунам. Оиладор ҳастам, соҳиби се фарзанд-як писару ду духтар. Аз шаҳрвандони саховатманди Тоҷикистон хоҳиш мекунам, ягон кумак расонанд, ки аз ин ҳолат раҳо ёбам”.

Ҳуснибегим Маҳкамшоева, модари Маснавшоҳ мегӯяд, аз вазъи саломатии фарзандаш нигарон аст: “Як сол дар беморхона табобат гирифт, ягон натиҷа нашуд. Аз президенти Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунам, ки барои муолиҷаи писарам кумак намоянд”.

Афроде, ки хоҳиши кӯмак доранд, метавонанд бо падари Маснавшоҳ бо рақамҳои 93 931 55 31 (Мусалламшоҳ) ё бо худи Маснавшоҳ тариқи рақамҳои 93 987 16 26 дар тамос шаванд.




Ё тариқи суратҳисобҳои зерин, ки дар Аввалин бонки молиявии хурд барои наҷоти Маснавшоҳ кушода шудаанд, кӯмак кунанд:

Филиали ҶСК “Аввалин Бонки Молиявии Хурд” дар шаҳри Душанбе
БИК: 350101821 Ҳисоби муросилоти 20402972118051
Рақами суратҳисоб: 20216972518210028744
Номи Мизоҷ: Садатшоева Нозигул Муминшоева

Интиқол бо доллар:
THE FIRST MICROFINANCE BANK, DUSHANBE. TAJIKISTAN
SWIFT: FMBTTJ22
BENEFICIARY NAME 59: SADATSHOEVA NOZIGUL
BENEFICIARY ACCOUNT № : 20218840618210028745

ИНТИҚОЛ БО РУБЛИ РУСӢ

SWIFT: FMBTTJ22
BENEFICIARY NAME 57: FIRST MICROFINANCE BANK, DUSHANBE TAJIKISTAN
BENEFICIARY ACCOUNT № : 30111810400000000110

Интиқол бо рубл дар Русия
BENEFICIARY BANK 56: АКБ «РУССЛАВБАНК» (ЗАО), МОСКВА, РОССИЯ
Korr. Acc: 30101810700000000685 в Отделение № 4 Московского ГТУ Банка России
БИК: 044579685
ИНН: 7706193043
Ref; Садатшоева Нозигул Муминшоевна
Acc; 20218810618210028746


Ташхис ва хулосаи духтур:

ВИДЕО: Кӯмакхоҳии Маснавшоҳ, падари се кӯдак: Наҷотам диҳед!