баргард чоп кардан

Беш аз 50 дар сади пасандозҳо ба ашхоси воқеӣ марбутанд

Бақияи кулли пасандозҳои ташкилотҳои қарзӣ дар Тоҷикистон ба 3,9 миллиард сомонӣ баробар шудааст. Ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи як соли пеш 23,1 дар сад бештар будааст.

Дар ин бора ба «Озодагон» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Бино ба хабари манбаъ аз ҷумла, амонатҳо бо пули миллӣ ба 1,4 миллиард сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ ба 2,5 миллиард сомонӣ баробар шудаанд.     
Манбаъ афзуд, аз ҳаҷми умумии пасандозҳо 46,3 фоиз ё 1,8 миллиард сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 53,7 дар сад ё 2,1 миллиард сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил намудаанд. Фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ дар ин давра ба 15,92 фоизи солона ва пасандозҳо бо асъори хориҷӣ ба 15,03 фисади солона баробар шудаанд.