Узбакистон як миллион телефони мобилӣ истеҳсол мекунад
То соли 2020 дар Узбакистон 1,05 миллион телефони ҳамроҳ истеҳсол мешавад. Дар ин бора маҷаллаи “Баррасиҳои иқтисодӣ” хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдом дар пайи судури як қарори президенти ин кишвар дар мавриди барномаи таъмини ислоҳоти сохторӣ ва навсозию гуногунии истеҳсолот барои солҳои 2015-2019 гирифта шудааст.
“Баррасиҳои иқтисодӣ” менависад, қарор аст, дар соли ҷорӣ Узбакистон 550 ҳазор телефони мобилӣ тавлид кунад. Бозингарони калидии бозори истеҳсоли телефонҳои ҳамроҳ дар Узбакистон ширкатҳои “Artel Trade” дар Тошканд ва “Pengzhong Xingsheng” дар вилояти Сирдарё дониста мешаванд.
Гуфта мешавад, ширкатҳои истеҳсолкунандаи телефони ҳамроҳ дар Узбакистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ ва куриёӣ сар аз соли 2010 ба ин сӯ солона то 500 ҳазор телефон тавлид мекунанд.