баргард чоп кардан

Раиси кумитаи мубориза алайҳи нашъаҷаллобии Қазоқистон ба Душанбе меояд

Имрӯз Анатолий Виборов, раиси кумитаи мубориза бо нашъаҷаллобии  Қазоқистон   дар раъси як ҳайат аз вазорати корҳои дохилии ин кишвар ҷиҳати мулоқот ва гуфтушунид бо роҳбарияти агентии назорати маводи нашъаовари   Тоҷикистон вориди Душанбе мешавад.


Тавре ба “Озодагон” аз агентии мазкур иттилоъ доданд, фардо (4-уми октябр) имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни ду ниҳод дар назар аст. Дар қисмати дуюми рӯз ҳайати меҳмонони Қазоқистон бо роҳбарони воҳидҳои оперативии агентӣ дидор мекунанд. Маврид ба ёдоварист, ки санади тавсибшаванда, на аввалин  муоҳадаест, ки ҳамкориҳои ниҳодҳои қудратии ду кишварро дар мубориза ба муқобили муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир таҳким мебахшад.

Манбаъ афзуд, 13 июни соли 2000 дар шаҳри Душанбе созишнома миёни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ҳамкориҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ба имзо расида буд.Илова бар ин ду кишвар дар доираи муоҳадаҳои зиддимухаддиротии байналмилалӣ дар якчанд созишномаҳои  дуҷониба ва бисёрҷонибаи байнидавлатӣ, протокол ва ёддошти тафоҳум ширкати муштарак доранд. Аз ҷумла, дар муоҳадаи Комиссияи Байнидавлатии Осиёи Марказии  Иттиҳоди Иқтисодӣ оид ба назорати маводи мухаддир, (Бишкек, соли 1996), Форуми Шанхай (Шанхай, соли 1996), Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти назорати истеҳсоли ғайриқонунӣ, муомилот, сӯистифода аз воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо миёни ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбакистон ва раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ва ғайра. Санади нави ҳамкорие, ки қарор аст рӯзи 4 октябр имзо шавад, аввалин санади ҳамкорӣ миёни  вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Қазоқистон ва агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо мебошад.{jathumbnail off}