баргард чоп кардан

Сабқат барои дарёфти ҷоизаи Султон Мирзоев

Барои дарёфти Ҷоизаи мураббии шоистаи ҷумҳурии Тоҷикистон- Султон Мирзоев дар майдони «Авиатор» мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии футбол байни варзишгарони мутаваллиди соли  1994-1995 баргузор мегардад.


Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ба «Озодагон» иттилоъ доданд,  дар ин чорабинӣ варзишгарони вилояти Суғд 1 даста , вилояти Хатлон  2  даста, (Кӯлоб, Қурғонтеппа), шаҳри Душанбе 2  даста , водии Рашт  1 даста , шаҳру навоҳии тобеи марказ 1 даста ширкат мекунанд. Ҳамзамон иштироки мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ  оид ба футбол 1 даста, ва ҳузури варзишгарон аз ҷумҳурии Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Қазоқистон як дастаӣ дар назар аст.{jathumbnail off}