"Ҷавонзани 19-сола тифлашро ба ивази 500$ фурӯхтааст"
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифшои як ҳолати харидуфурӯши тифли навзод дар Душанбе хабар додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод рӯзи 12-уми март, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 19-солаи сокини ноҳияи Вахш бо гумони фурӯхтани тифли навзоди худ дастгир гардид: “Муайян карда шуд, ки дастгиршуда моҳи марти соли 2015 тифли навзоди худро ба зани 42-солаи сокини шаҳри Душанбе ба маблағи 500 доллари ИМА фурӯхтааст”.
Манбаъ мегӯяд, феълани нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.