Волидони ҷавон дар кӯдакфурӯшӣ айбдор мешаванд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти волидони ҷавон хабар дод, ки дар хариду фурӯши тифли навзод муттаҳам мешаванд.
Ин ниҳод мегӯд, санаи 15-уми апрел дар пай як амалиёт сокинони шаҳри Душанбе - марди 28-сола ва зани 24-соларо ҳамчун гумонбар дар фурӯхтани тифли навзодашон дастгир кардаанд: “Муайян карда шуд, ки боздоштшудаҳо моҳи июни соли 2013 дар назди таваллудхонаи №2, бо маслиҳати пешакӣ кӯдаки навзоди худро ба зани 41-сола, сокини шаҳри Чкалов ба маблағи 5430 сомонӣ фурӯхтаанд”.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.