баргард чоп кардан

Садамаи нақлиётӣ дар Шуғнон мунҷар ба марги ронанда шуд

Сониҳаи нақлиётӣ дар Бадахшон як кушта ба ҷой гузошт.


Дар ноҳияи Ҷиргатол бошад, ноболиғи 3 сола зери чархи «Камаз» монда ба ҳалокат мерасад. Тибқи иттилои РБДА, дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ 21 0 15» Шукрулло Муродов аснои ҳаракат ба деҳаи Ревак муқобили самти ҳаракат баромада, ба автомобили тамғаи «Шкода» таҳти идораи Қурбонҳусенов Нурулло бармехурад. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи «ВАЗ 21 0 15» Шукрулло Муродов ба ҳалокат расида, ду мусофири дохили автомашина ҷароҳати ҷисмонӣ гирифта, ба беморхона интиқол дода мешаванд.

Номбурда афзуд, ки нимаи рӯзи гузашта тахминан соати 13:30 дар ноҳияи Ҷиргатол ронандаи автомашинаи «КАМАЗ» Мизробиддин Нуралиев ҳангоми ҳаракат дар километри 230-юми роҳи автомобилгарди Душанбе-Ҷиргатол қоидаи ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагарди ноболиғ Аҳмад Давлатбекови 3 соларо зер мекунад. Дар натиҷа ноболиғи пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар маҳалли ҳодиса ба шаҳодат мерасад.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 6 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 2 нафар ба ҳалокат расида, 6 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифта, ба касалхона интиқол ёфтаанд.{jathumbnail off}