баргард чоп кардан

5-уми октябр дар Душанбе рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад

Рўзи забони давлатӣ– 5 октябр дар шаҳри Душанбе бо шукўҳи тоза таҷлил карда мешавад.


Дар ин маврид, Маҳмадсаид Убайдуллоев, мири пойтахт қарори дахлдор ба тасвиб расонд, ки тибқи он 5-октябри соли 2011, соати 18-00 дар боғи  Рўдакӣ бо ширкати аъзоён ва намояндагони иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, зиёиён ва аҳли эҷоду сокинони пойтахт базми фарҳангӣ доир гардида, худи ҳамон рўз соати 17-00 дар боғҳои фарҳангу фароғатии  «Дўстии халқҳо», ба номи С. Айнӣ, Кўли ҷавонон ва майдони 800-солагии Москва сайругашти оммавии шаҳрвандон, базмҳои шеъру суруд, намоиш ва фурўши маҳсулоти қаннодӣ  ташкил карда мешаванд.{jathumbnail off}