баргард чоп кардан

Масоҳати Тоҷикистон 1% коҳиш ёфт, Хитой соҳиби 1.158 километри квадратии иловагӣ гардид

Расонаҳои хабарии давлати Чин дар бораи ба ин кишвар ба таври расмӣ супоридани заминҳои қаламрави Тоҷикистон иттилоъ пахш кардаанд.


Бино ба қавли онҳо, маросими мазкур рӯзи 20-уми сентябр сурат гирифта буд, аммо мақомот то 1-уми октябр- солгарди таъсиси давлати Хитой ҳарфе дар ин росто нагуфтанд ва ин бесабаб ҳам набуд. Дар ин бора муҳаррири нашрияи англисии «Global Times»-и ин кишвар, Ху Ксин Ҷин дар блогаш навиштааст.Қайд гардидааст, ки зимни маросими расмии супоридани заминҳо низомиёни ҳар ду ҷониб ба ҳамдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим кардаанд.


Ёдрас менамоем, Хитой ва Тоҷикистон дар мавриди минтақаҳои баҳсӣ дар моҳи январи соли равон ба тавофуқ расида буданд.Заминҳое, ки ахиран ба тавозуни Чин аз ҷониби Тоҷикистон гузаштанд, 5,5 % -и минтақаеро дар бар мегирад, ки Пекин даъвои онро дошт. Ҳамин тавр, Хитой масоҳати кишварашро ба 1 ҳазору 158 километри квадратӣ васеъ карда, масоҳати Тоҷикистон 1 % коҳиш ёфт. Заминҳое, ки алъон ба ихтиёри Чин вогузор шудаанд, дар қисмати Помири кишвар воқеъанд. Ногуфта намонад, ки Қазоқистон пешниҳоди Хитойро дар мавриди ба иҷора гирифтани 1 миллион гектари заминҳои наздимарзиаш дар соли гузашта рад карда буд.{jathumbnail off}