Gallup: Муносибати тоҷикон ба Олмону Амрико бадтар шудааст
Маркази таҳлилии Gallup дар пайи як назарпурсӣ дар кишварҳои ҷаҳон муайян кардааст, ки дар соли 2014 муносибати сокинони Тоҷикистон нисбати кори роҳбарияти Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Олмон бадтар шудааст.
Ин маркази омӯзиши афкори омма муайян намудааст, ки аз ҳама бештар сокинони олам дар соли 2014 фаъолияти роҳбарияти Русияро хуш надоштаанд. Кори роҳбарияти Амрикоро дар соли 2014 45 дарсади пурсидашудагон хуш пазируфтаанд, ки баландтарин нишондод аст. Тибқи назарпурсии Gallup аз миёни абарқудратҳо роҳбарияти Амрико аз соли 2009 инҷониб ҳамеша пешсаф ва роҳбарияти Русия аз ҳама охир қарор гирифтааст: “Мувофиқи ин назарпурсӣ барои бори аввал дар баробари сокинони Русия, муносибати мардуми Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорусия нисбати кори роҳбарияти Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Олмон бадтар шуда, теъдоди сокиноне, ки роҳбарияти ин абарқудратҳоро хуш надоранд, афзоиш ёфтааст”.
Ба иттилои Gallup аксари сокинони 41 кишвари дунё аз роҳбарияти Русия хуш истиқбол накардаанд, ки дар муқоиса бо кишварҳое, ки алайҳи роҳбарияти Амрико баромад кардаанд, се баробар зиёд мебошад. Дар қатори кишварҳое, ки аз ҳама бештар зидди Русияанд, кишварҳои Аврупо ва Канада қарор доранд. Муносибати мардуми Русия низ нисбати роҳбарияти Амрико бадтар шуда, 82 дарсад изҳор доштаанд, ки иқдоми Амрикоро қабул надоранд. Дар баробари ин русиягиҳо аз Чин истиқбол намуда, 42 дарсад фаъолияти роҳбарияти ин кишварро мусбат баҳогузорӣ кардаанд.