баргард чоп кардан

Эмомалӣ Раҳмон: Мо забони миллиро дар баробари Модар ва Ватан муқаддас медонем

Соли дуюм аст, ки панҷуми октябр дар кишвари мо ба таври расмӣ ҳамчун Рўзи забони давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.


Таҷлили ин санаи таърихӣ бо қабули қонун «Дар бораи забони давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон» - 5 октябри соли 2009 иртибот дорад ва дар асоси ҳамин санади муҳим ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардидааст. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни ироаи паёми навбатиаш дар робита ба рӯзи забони давлатӣ иброз доштааст. Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президент, райисҷумҳур афзудааст: « Давлат ва ҳукумати Тоҷикистон аз оғози истиқлолият барои рушди забони миллӣ ва таҳкими мақоми давлатии он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати пешбурди ин самти сиёсати миллӣ тамоми заминаҳоро фароҳам овардаанд. Яъне дар бист соли истиқлолият забони мо дар мақоми забони давлатӣ ҳамеша мавриди таваҷҷўҳи давлат ва ҳукумати кишвар қарор дорад.Бояд гуфт, ки дар тўли таърихи дурударози халқамон забони мо дар ҳастӣ ва шинохти миллати фарҳангдўст ва тамаддунсозамон нақши сарнавиштсоз доштааст, ки инро осори арзишманди гузаштагонамон бо чандин анвои хат ба хубӣ собит менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифзу посдории забони тоҷикӣ дахл карда гуфт, ҳамчунон ки ниёгонамон ин забони нобро то ба рўзгори мо бо як ифтихор ва хештаншиносӣ маҳфуз доштаанд, мо низ ин ҷавҳари ҳастии миллатро дар андеша, гуфтор ва кирдори наслҳо аз рўи эҳтиром ба таври ҷовидон бояд ҳифз намоем.Мо борҳо таъкид намудаем, ки донистани забони миллӣ далели эҳтиром ба миллат, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангии хеш аст. Мо забони миллиро дар баробари Модар ва Ватан аз муқаддасоти олӣ эътироф намуда, ин андешаро бо як ифтихори бузург аз миллати соҳибтамаддуни хеш дар зеҳни наслҳо низ парвариш медиҳем.Имрўз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ба забони давлатии мо - забони тоҷикӣ санадҳои ҳуқуқӣ ва созишномаҳову қарордодҳои байналмилалӣ таҳия ва қабул карда мешаванд. Аз ин рў, моро лозим аст, то барои ғановати забони миллии хеш аз осори гузашта ва муосир ба дурустӣ истифода намоем, то ин забони тавоно ва шеворо дар асри густариши равобити миллатҳо ва тамаддунҳо тавонотару шевотар гардонем ва онро барои наслҳои оянда ба ҳама зебоиву тавоноияш ба мерос гузорем.Барои амалӣ сохтани муқаррароти қонун «Дар бораи забони давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди ҳукумати мамлакат Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис гардидааст, ки он дар назорати иҷрои муқаррароти қонун, ҳамгунсозии истилоҳоти соҳаҳои гуногун, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва дар маҷмўъ татбиқи сиёсати давлатии забон масъулияти бисёр муҳим дорад. Яке аз тадбирҳои ҳадафмандонаи ҳукумат дар татбиқи сиёсати давлат дар бораи забон таҳия ва пешниҳоди барномаи стратегии рушди забони давлатӣ дар кишвар маҳсуб мешавад, ки он метавонад дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ин сиёсат барои солҳои тўлонӣ ҳамчун дастури муҳим ва муфид истифода шавад.

Дар марҳалаи кунунии давлатдории навинамон моро лозим аст, ки аз ҳама имконоти таърихӣ ва дастуриву луғавии забони миллиамон ба таври дуруст ва огоҳона истифода намоем ва барои рушди минбаъдаи забони давлатӣ тамоми заминаҳо ва имконоти воқеиро фароҳам оварем.{jathumbnail off}