баргард чоп кардан

«Баракати Ёвон» аз андоз 114 ҳазор сомонӣ қарздор аст

Дар пай як амалиёти санҷишии  кормандони  мақомоти андоз  дар хоҷагии зотпарварии ҶСК “Баракати Ёвон” бақияи қарзҳои корхона ифшо шуданд.


Тавре ба «Озодагон» аз кумитаи андоз иттилоъ доданд, аз бемасъулиятӣ ва хунукназарии роҳбарони муассисаи мазкур, ки муассисаш Абдулвоҳид Нуров ва роҳбараш Давлатмурод Ҷабборов мебошад,  ба ҳолати 1 сентябри соли равон 114 ҳазор сомонӣ норасоии андоз мавҷуд аст.

Гуфта мешавад, зимни ворид гардидани кормандони андоз ба корхонаи «Баракати Ёвон» кассе аз масъулин дар коргоҳ набудааст.  Дар ҳамин ҳол, ин муассиса 800 сар чорвои хурду калони шохдор дар ихтиёр дошта, раҳбарияти он андозро дар вақташ намесупорад.{jathumbnail off}