баргард чоп кардан

Виборов: Вазъи Қазоқистон дар қиёс ба Тоҷикистон ваҳимтар аст

Ду ниҳоде, ки алайҳи нашъа ва нашъаҷаллобӣ дар Тоҷикистону Қазоқистон мубориза мебаранд, созишномаи ҳамкории дуҷониба имзо карданд.


Тибқи иттилои расида, як чунин санади тафоҳум миёни кумитаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои ВКД Қазоқистон ва агентии назорат аз болои маводи нашъадори Точикистон имрӯз дар Душанбе ба тасвиб расид. Созишномаи мазкурро Рустам Назаров аз ҷониби ҷумҳурии мо ва Анатолий Виборов, раиси кумитаи номбурда аз Қазоқистон имзо карданд.

Генерал Назаров дар маросими мазкур гуфт, ин санад  аввалин  ҳамкорӣ миёни  вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Қазоқистон ва агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо мебошад. Ҳамчунин қайд кард, ки вазъи имрӯзаи маводи мухаддир дар кишварамон аз вазъи маводи мухаддири  кишвари Афғонистон вобастагӣ дорад. Зеро Тоҷикистон кишвари транзитӣ маҳсуб мегардад, ки қочоқчиён бо роҳи шимол маводи мухаддирро интиқол медиҳанд.

Анатолий Виборов, раиси кумитаи мубориза зидди маводи мухаддири  Қазоқистон дар навбати худ қайд кард, ки созишномае, ки имрӯз ба имзо расид,  ҳамкориҳои ду кишварро  дар доираи муоҳадаҳои зиддинашъа дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар мегардонад. Имрӯза вазъи  маводи мухаддири Қазоқистон дар қиёс ба Тоҷикистон ваҳимтар аст. Тибқи маълумоти расмӣ, феълан дар Қазоқистон ҳудуди 46 ҳазор нафар шаҳрванд аз маводи мухаддир вобаста аст. Ин нишондод нисбат  ба солҳои сипаришуда қоҳиш ёфтааст, вале масъулини Қазоқистон талош доранд, то ин мушкил аслан баратарф шавад,-гуфт Анатолий Виборов.{jathumbnail off}