Нахустнамоиши филми “Комил” дар Бишкек (АКС)
Дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон филми “Комил”-и Сафарбек Солиев муаррифӣ шуд.
Нахустнамоиши ин филми ҳуҷҷатӣ дар Иттиҳоди синамогарони Қирғизистон бо иштироки сафирони Тоҷикистону Узбакистон дар Бишкек баргузор шуд.
Филми мазкур аз ҳаёт ва фаъолияти Комил Ёрматов, яке аз коргардонҳои маъруфи минтақаи Осиёи Марказӣ нақл мекунад. Аз ин пеш ин филм дар шаҳри Русия маррифӣ шуда буд.
"Комил" аз зиндагӣ ва фаъолияти коргардони маъруфи даврони Шӯравӣ -- Комил Ёрматов нақл мекунад. Ёрматовро аз бунёдгузорони кинои тоҷик меноманд. Ӯ аз маъруфтарин коргардонҳои Осиёи Марказӣ аст ва дар Узбакистон низ фаъолияти пурсамар доштааст. Соли 1979 "Узбекфилм" номи Комил Ёрматовро гирифт.