баргард чоп кардан

Созиши Обама ва Путин: Алайҳи Тоҷикистон яроқи ҳастаиро кор намебаранд

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ва Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аз созишнома барои истифода накардани яроқи ҳастаӣ алайҳи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳимоят кардаанд.

Раисиҷумҳури Амрико 27 апрел протоколи Созишнома оид ба минтақаи озод аз яроқи ҳастаӣ дар Осиёи Марказиро барои тасвиб ба сенат, палатаи болоии Конгрес пешниҳод кардааст.

Тибқи иттилои расонаҳои Амрико, Обама дар номааш ба сенат изҳор доштааст, ки аз яроқи ҳастаӣ озод будани Осиёи Марказӣ ба манфиати кишвараш мебошад: “Тасвиби ин санад барои таҳкими амният, паҳн нашудани яроқи ҳастаӣ ва густариши ҳамкориҳо бо давлату мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад”.

Созишнома дар бораи минтақаи озод аз яроқи ҳастаӣ аз ҷониби 5 кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Туркманистон соли 2006 имзо шуда, соли 2014, 5 кишвари дорои яроқи ҳастаӣ протоколи ин созишномаро имзо намуданд. Русия, Чин, Амрико, Фаронса ва Британияи Кабир бо имзои протокол уҳдадор шудаанд, алайҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз яроқи ҳастаӣ кор набаранд ва таҳдид ҳам накунанд.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ҳафтаи гузашта қонун дар бораи тасвиби протоколи ин созишномаро ба имзо расонд.