баргард чоп кардан

«Сӯҳони Қазо» и Абдуғаффор Абдуҷаббор ба намоиш гузошта шуд

Ба муносибати  ҷашни забони давлатӣ дар театри халқии ноҳияи Ғончӣ нахустнамоиши ҳаҷвии «Сӯҳони қазо»-и Абдуғаффор Абдуҷаббор, нависанда ва тарҷумони тоҷик баргузор гардид.


Тавре ба хабаргузории  «Озодагон» аз маркази матбуотии вазорати фарҳанг иттиллоъ доданд, намоишномаи мазкурро коргардонҳо Саидлуқмон Ғаниев ва Мадина Амонова таҳия намуда, мусиқиашро оҳангсоз, Ворис Абдураҳмонов навиштааст. Нақшҳои асосиро дар ин намоишнома, ҳунарпешагони ҳаваскор- Саидлуқмон  Ғаниев, Сайрулло Носиров,  Шукрона Дадоева, Мадина Амонова, Абдураҳмон Қайюмов ва Бойқӯзӣ Мӯсоев офаридаанд. Қаблан асари мазкур дар театрҳои Конибодом, Душанбе ва Данғара саҳнавӣ гардонда шуда буд.{jathumbnail off}