7 назар: Ҷаҳиши қурби доллар натиҷаи иқдоми Бонки миллист?
17 апрел Бонки миллии Тоҷикистон бо як қарор фаъолияти саррофиҳои шахсиро манъ кард. Гуфта мешуд, ки ин иқдом барои ҷилавгирӣ аз болоравии қурби доллар нисбати пули миллӣ гирифта шудааст. Аммо баъди ин тасмим арзиши доллар боз ҳам болотар рафт. Дар иртибот “Озодагон” аз коршиносон пурсид: ҶАҲИШИ ҚУРБИ ДОЛЛАР НАТИҶАИ ИҚДОМИ БОНКИ МИЛЛИСТ?
Абдуғафор ҚУРБОНОВ, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон
Нуқтаҳои муболаи асъори хусусӣ, ки бо қарори Бонки миллӣ фаъолияташон манъ гардид, ҳоло дар тарадуди гузариш ба бонкҳо ҳастанд. Яъне, чунин нуқтаҳои мубодилаи асъор бо бастани шартнома бо бонкҳо, муайян кардани механизми корашон ва иҷрои талаботҳо ба сохтори бонкҳои тиҷоратӣ гузашта, фаъолияти худро дар доираи сохтори бонкҳо шурӯъ хоҳанд кард. Беш аз 800 нуқтаи мубодилаи асъори хусусӣ, ки аз 17 апрел фаъолияташон манъ карда шуд, аллакай 50 дарсадаш корро дар доираи сохторҳои бонкҳои тиҷоратӣ оғоз кардаанд. Дар доираи ҳамин қарори Бонки миллӣ ба чунин нуқтаҳои мубодилаи асъор то якуми июли соли равон муҳлат пешбинӣ шудааст ва то ин вақт онҳо пурра корашонро дар чорчӯби сохтори бонкҳо сар мекунанд. Ин ҳама барои беҳтар гардидани бозори асъори миллӣ ва ҳимояи ҳуқуқи муштариён роҳандозӣ шудааст. Нуқтаҳои мубодилаи асъори хусусӣ дар доираи сохтори бонкҳо низ тақрибан корашон мисли аввала аст, фақат баъзан шартҳоро бояд иҷро кунанд, масалан касе, ки доллар мехарад бояд бақайд гирифта шавад.
Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, таҳлилгар
Таъсири саррофиҳо, чӣ хусусӣ ва чӣ бонкӣ ба қурби асъор хеле ночиз ва муваққатист. Ин афсонаест, ки бофандааш мехоҳад гунаҳкор биҷӯяд. Қурби пул аз чизҳои дигар ба мисли нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҳаҷми асъор дар бозор ва ғайра вобаста аст. 15-20 сол пеш замоне ки системаи бонкии Тоҷикистон шакл нагирифта буд, воқеъан саррофон ба қурби пул таъсир доштанд. Ба назар мерасад ҳанӯз хелеҳо ба ҳамин боваранд. Ҳатто дар сатҳи Бонки миллӣ. Вагарна ҳаргиз иқдом ба бастани саррофиҳо намекарданд. Қурби сомонӣ ҳамин аст, ки дар бозор аст. Ва ин раванд ҳадди ақал то тирамоҳ идома хоҳад кард. Монеъаҳои сунъие, ки давлат эҷод мекунад, муваққатан метавонад, як каме раванди беқурбшавиро боздорад, аммо бозор ҳаргиз ба ин монеъагузориҳо итоат нахоҳад кард. Баръакс монеъагузорӣ дар дарозмуддат таъсири баръакс медиҳад.
Зафар САФАРМАМАДОВ, тоҷир
Ба фикри ман Бонки миллӣ ба хотири он ба ин кор даст зад, ки пул на дар гардиш, балки дар дасти саррофон мемонад. Бо вуҷуди ин бастани саррофиҳои хусусӣ илоҷи кор, яъне, поин шудани қурби доллар нест. Шояд, муваққатан метавонад қурби долларро поин кунад, вале на барои ҳамеша. Поин рафтани қурби доллар ба иқтисод ва истеҳсолоти дохилӣ вобаста аст. Ин ки иқтисоди Тоҷикистон шаддидан аз пули муҳоҷирон вобаста аст ва ҳоло ки воридоти пули муҳоҷирон камтар шудааст , доллар метавонад ҳар замон боло равад.
Зулфиқори ИСМОИЛИЁН, коршиноси масоили иқтисодӣ
Албатта бастани саррофиҳои хусусӣ боиси болоравии қурби доллар дар баробари сомонӣ мегардад. Бубинед, ҳоло долларро Бонки миллӣ ба ихтиёри бонкҳои тиҷоратӣ медиҳад, ки шумо бифурӯшед, вале бонкҳо мегӯянд, надорем, агар гӯи бисёртар медиҳам, масалан 650 ё 670 сомонӣ барои 100 доллар медиҳам, мегӯянд дорем. Ҳамин худ ба таври сунъӣ боло бурдан аст. Баръакс саррофиҳоро зиёд кардан лозим, то ҳар касе доллар дорад, рафта иваз кунад. Бояд зикр намуд, бастани саррофиҳо ҳеҷ гоҳ ба болоравии қурби сомонӣ кумак намекунад, зеро чи тавре маълум аст воридоти доллар ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. Инро сабабаш ҳамон таҳримҳо аллайҳи Русия ва беқурбшавии рубли русӣ аст, бино бар ин тамоми саррофиҳоро банданд, роҳи ҳалли масъала шуда наметавонад, баръакс мушкилӣ пеш меояд.
Бобоҷони ШАФЕЪ, коршинос
Интизор мерафт, ин тадбир, яъне, бастани саррофиҳои хусусӣ муҷиби пинҳонӣ сурат гирифтани тиҷорати доллар мешавад. Ҳар чизе ба пинҳонӣ рафт, гарон мешавад. Саррофиҳо расман баста шуданд, вале саррофон ғайрирасмӣ дар фаъолиятанд. Беқурбшавии пулро бо зӯрӣ наметавон пешгирӣ кард. Тоҷикистон тавлидот надорад, хоставу нохоста нархҳо осмонӣ мешаванд, арзиши доллар боз боло меравад. Барои дарки ин шарт нест, ки иқтисодшинос бошем. Аз таҷриба мебинем, ки ин гуна тадбирҳо оқибатҳои манфӣ доранд.
Бахтиёр ЗОИРОВ, соҳибкор
Фикр намекунам, ки ҷаҳиши қурби доллар тайи ҳафтаҳои охир натиҷаи қарори Бонки миллӣ дар бораи манъи фаъолияти нуқтаҳои саррофии шахсӣ аст. Дар кишвар камбуди шадиди доллар ба назар мерасад ва бо назардошти он ки Тоҷикистон пойбанди маҳсулоти хориҷӣ асту ин маҳсулот асосан бо доллар харидорӣ мешаванд, ҷаҳиши қурби доллар тибқи қонунҳои бозорӣ ногузир аст, зеро вақте талабот зиёду пешниҳод кам ҳатман арзиш боло меравад. Аз тарафи дигар ин ҷаҳиш нишон дод, ки қарори Бонки миллӣ ба ҳадаф нарасид, зеро ин ниҳод мақсади бастани нуқтаҳои саррофии шахсиро устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ гуфт. Аммо воқеият баёнгари натиҷаи баръакс аст.
Сироҷ НАЗИРМАДОВ, сокини шаҳри Душанбе
Ин ҷаҳиш метавонад натиҷаи қарори Бонки миллӣ дар бораи манъи фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсӣ бошад. Ҳамаи мо медонем, ки дар кишвар садҳо сарроф, агар хато накунам беш аз 800 нафар кор мекарданд, ки нуқтаи мубодилаи шахсӣ доштанду қисми зиёди бозори нақдро зери назорат доштанд. Онҳо мизоҷони худро доштанд. Бо қарори Бонки миллӣ, ки якбора фаъолияти онҳоро мамнӯъ кард, аз эҳтимол дур нест, ки онҳо ба фаъолияти пасипардагӣ гузаштанд. Ин омил ба рушди бозори сиёҳ ва мувофиқан барои афзоиши қурби доллар мусоидат мекунад. Ҳамаи мо имрӯз дида истодаем, ки дар овезаҳо арзиши доллар 6,50 навишта шудааст, аммо дар асл бо арзиши беш аз 6,70 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.