Созмони Freedom House ё “Хонаи Озодӣ” дар остонаи Рӯзи байналмилалии озодии баён рейтинги озодии сухан дар ҷаҳонро нашр кард. Тоҷикистон дар ин раддабандӣ аз миёни 199 кишвар мақоми 179-умро ишғол мекунад ва шомили кишварҳои “ноозод” аст. Дар робита “Озодагон” аз се соҳибназари тоҷик пурсид: КӢ НАМЕХОҲАД, ОЗОДИИ БАЁН ДАР ТОҶИКИСТОН РУШД КУНАД?
Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раиси Шӯрои ВАО
Касе, ки таъмини волоияти қонун дар ҷомеаро намехоҳад, дар ҷои кораш, дар зиндагиаш, дар вақти фароғаташ намехоҳад дар чаҳорчуби қонун амал кунад, оне ки дар ҷои худаш нест, яъне дар мансабе кор мекунад, ки салоҳияти дар он ҷо кор карданро надорад ва бинобар ин сабаб аз даст додани курсиаш ҳарос дорад, намехоҳад дар Тоҷикистон озодиии баён рушд кунад.
Хуршед АТОВУЛЛО, раҳбари МТЖ
Ҳар нафаре, ки гумон дорад, рӯзе бо баракати будани озодии баён шими тарашро мебинанд, аз озодии баён метарсад ва ҳатман мекӯшад барои маҳдуд кардани он ҳиссаи худро гузорад. Зеро бо монеъ шудан ба озодии баён, ӯ пеш аз ҳама домони тари худро мепӯшонад.
Фариддуни РАҲНАВАРД, сармуҳаррири “Нигоҳ”
Рушди озодии баёнро онҳое намехоҳанд, ки рафторашон, кирдорашон, виҷдонашон пок нест.