баргард чоп кардан

АКС: Таъини раиси нави "Тоҷикстандарт", суди Душанбе, ноибони А.Ғоиб ва ...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 4 май, дар раёсати Бонки миллӣ, Тоҷикстандарт, Шӯрои адлия, мақомоти судӣ, Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнату муҳоҷират, Хадамоти гумрук, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ тағйироти кадриро амалӣ кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ба вазифаҳои нав аз ҷумла шахсони зерин таъин шуданд:

- Нурмаҳмадзода Ҷамшед – раиси Бонки миллии Тоҷикистон;
- Нуралиев Ҷамолиддин Камолович - муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон;
- Раҳим Санъат Асо – сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумиҳурии Тоҷикистон;
- Қурбонов Ибодулло Каримович – директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Олимов Миралӣ Назриевич – муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вализода Икромиддин Сироҷиддин – муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Шоев Рустам Мирзохоҷаевич – муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кенҷаев Муҳамадҷон Масеҳҷонович - муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Маҳмадов Ҷамшед Бобохонович – муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Каримзода Хуршед Абдураҳмон – муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Сайдализода Суҳроб Қурбон - муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Каримов Тоир Авғонович – сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Мирзоев Зоҳир Тоҳирович – роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия;
- Муҳиддинов Нуриддин Давлаталиевич – ректори муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон;
- Ашурова Шаҳло Сайфуллоевна – директории муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Садирзода Нусратулло Абдулло – раиси суди шаҳри Душанбе;
- Қурбониён Алишо Нарзулло – муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе;
- Саидзода Гулбону Исуф - муовини раиси суди шаҳри Душанбе;
- Абдураҳимов Асомудин Бобохонович - муовини раиси суди шаҳри Душанбе;
- Ғоибов Алиҷон Ҷураевич – президенти муассисаи давлатии Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Саидзода Ҷамол Шариф аз вазифаи муовини якуми раиси Шӯрои адлия ва бо амраш Ҳамидова Қаноат Иброҳимова аз вазифаи директори Маркази таълими судяҳо дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби расидан ба синни нафақа озод шуданд: “Ғайр аз ин, 11 нафар аз вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти судии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо сабаби расидан ба синни нафақа ва як нафар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мақомҳои қаблӣ озод карда шуданд”.

Манбаъ мегӯяд, роҳбарияти Суди шаҳри Душанбе пурра иваз карда шуд: “Зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда, Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ба халқу Ватан ҳидоят намуд. Ба масоили вобаста ба соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки барои ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ дар хориҷи кишвар аз тамоми имкониятҳо бояд босамар истифода карда шавад”.