баргард чоп кардан

Тоҷикистон дар «асорат»-и боди афғонӣ

5-уми октябр қаламрави Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Миёнаро чангбод фаро гирифт.


Муассисаи обу ҳавошиносии ҷумҳурӣ расидани сардӣ аз шарқ ва ворид шудани ҳавои намнок аз ғарбро иллати аслии ин хокбориш медонанд. Маҳмадалӣ Сафаров, директори ин муассиса ба «Озодагон» гуфт, мӯҳлати пайдошавии чангу ғубор асосан дар моҳи сентябр, октябр ва ноябр давом меёбад. Ҳарчанд дар чанд моҳи гузашта низ Тоҷикистон шоҳиди чангбод, ки бо номи «Боди афғонӣ» маъруф аст, гашта буд, аммо ин навбат он ба таври бесобиқа будааст. Чангбод тамоми қаламрави кишварро фаро гирифта, ҳаракати нақлиётро душвор кардааст. Зимнан, парвозҳои ҳавопаймо низ дар фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ бо иллати хокбориш қатъ шудааст. Шаби гузашта дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ суръати шамол шиддат ёфта то 25 метр дар як сония вазидааст. Муассисаи обу ҳавошиносӣ пешгӯӣ кардааст, ки ҳавои ғуборолуд то рӯзҳои 8-уми моҳи ҷорӣ давом меёбад. Нобурда афзуд, айни ҳол дар минтақаи Шаҳристон ва Анзоб барф борида истодааст. Дар Мастчоҳи кӯҳӣ ва ноҳияи Дарвоз борон меборад.
Пизишкон аз шаҳрвандоне, ки дучори бемориҳои диққи нафас, буғумдард ва фишори хун ҳастанд даъват мекунанд, ки бе зарурат аз манзили худ берун нашаванд. {jathumbnail off}