Муҷозоти футболбозони тоҷик аз сӯи Кумитаи одоби ФФТ
Кумитаи одоби Федератсияи футболи Тоҷикистон чанд бозигар ва масъули тимҳои кишварро муҷозот кардааст.
Бино ба иттилои торнамои расмии ФФТ, ин ниҳод Носир Бобоҷонов, менеҷери “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро барои дашном додани доварон 500 сомонӣ ҷарима кард. Ба иттилои манбаъ, Бобоҷонов баъд аз бозии тимаш бо “Хайр”-и Ваҳдат, ки 2:2 анҷом ёфт, ба майдон баромада, ба доварон бадгуфторӣ кардааст. Инчунин барои ин амал, ӯ се бозии “Регар-тадАЗ”-ро ба қатори тамошобинон назорат хоҳад кард.
Дар ҷаласаи ахири Кумитаи одоби ФФТ, Сунатулло Холов, бозигари “Равшан” барои қасдан расонидани зарар ба ҳариф дар бозӣ бо “Хуҷанд” аз ҳаққи иштирок дар ду бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима шудааст: “Наврӯз Абдул, бозигари “Истиқлол” бошад, барои бо даст ба рӯи ҳарифаш задан, дар дидор бо ССКА “Помир” ва Беҳрӯз Ҳамроев, бозигари “Хайр” барои суханҳои қабеҳ нисбати ҳариф дар бозӣ бо “Регар-ТадАЗ” аз ҳаққи иштирок дар ду бозӣ маҳрум шудаанд”.