Даври муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳон даври нимфиналии Ҷоми Тоҷикистонро мавқуф гузошт
Дидори дастаҳои «Истиқлол»-«Энергетик» ва «Регар-ТадАЗ»-«Вахш» ба вақти дигар гузаронда шуд.
Бозии ин тимҳо, ки мебоист дар даври нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон баргузор мегардид, бо сабаби омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба даври муқадамотии Ҷоми Ҷаҳон мавқуф гузошта шудааст. Ёдрас мешавем, даври сеюми мусобиқоти интихобии ҷаҳон миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Ҷопон 11-уми октябр дар шаҳри Осакаи Япония баргузор мешавад. Мунтахаби кишвари мо ду бозии қаблияшро бо Ӯзбакистон ва Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби ягонаи 1:0 бохт. {jathumbnail off}