“Несту нобуд” кардани миқдори зиёди рулет, ширқиём майонези муҳлатгузашта дар Суғд
Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд аз боздошти маҳсулоти муҳлатгузашта дар ҳаҷми беш аз 100 ҳазор сомонӣ хабар дод.
Маҳкамбой Каримов - масъули дафтари матбуотии Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд, ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, ин гуна маҳсулот зимни гузаронидани рейди муштарак бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар бозору нуқтаҳои савдои шаҳру навоҳии Хуҷанд, Чкалов, Қайроққум, Спитамен ва Ҷаббор Расулов дарёфт гардидаанд.
Манбаъ афзуд, дар натиҷаи баргузории рейд мутахассисони Маркази Тоҷикстандарт маҳсулоти бесифат, аз ҷумла, муҳлати истеҳсолашон гузаштаро, ки маблағи умумияшон аз 100 ҳазор бештар аст, ёфт ва несту нобуд кардаанд: “Бештари ин маҳсулот рулет, ширқиём, майонез, қанду печениҳои гуногун, ярнаи гандум, хамираи помидор буд, ки ҳамаашон дар Федератсияи Русия истеҳсол шудаанд”.
Маҳкамбой Каримов афзуд, соҳибони дукону мағозаҳо тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии шаҳрвандӣ ҷаримабандӣ шудаанд.