"Тумор"-и тими миллии Тоҷикистон Шер ва шербача интихоб шуд
Федератсияи футболи Тоҷикистон рамз ё тумор (талисман)-и тими миллии кишварро интихоб кардааст.
Бино ба иттилои торнамои ФФТ, ин рамз шер ва шербача аст, ки “барои муваффақият овардан ба яккачини Тоҷикистон дар даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018" интихоб шудааст.
Фирӯз Ҳасанов, раҳбари шӯъбаи маркетинги ФФТ гуфтааст, акси Шер ва Дил (шербача) дар либоси бозигарон таҳти рақами 12 ва 91 нақш хоҳад ёфт: “Бо ин тарроҳони рамз мехоҳанд иртибот ва таърихи ғании футболи тоҷик, мавҷи нави бозиҳои бомуваффақ аз замони истиқлол ва инчунин зарурати мухлисии ҳаводоронро нишон бидиҳанд”.
Рамзи тими миллии Тоҷикистонро дизайн-студия “Устодизайн” пешниҳод кардааст.